Ҷопон хостори тақвияти ҳамкории байнибонкӣ бо Тоҷикистон мебошад

Март 6, 2025 13:45

ДУШАНБЕ, 06.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бонкдорӣ барои таъсиси бонкҳои хориҷӣ, филиал ва намояндагиҳои онҳо дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овардааст. Чунин гуфта шуд дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Кейко Фурута. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунии низоми бонкии мамлакат, тавсеаи ҳамкорӣ дар самти низоми бонкӣ, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, иштироки сармояи Ҷопон дар сармояи оинномавии ташкилоти қарзии Тоҷикистон, инчунин ифтитоҳи филиалҳо ва намояндагиҳои бонкҳои Ҷопон дар Тоҷикистон табодули назар намуданд.

Фирдавс Толибзода хонум Кейко Фурутаро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии Тоҷикистон шинос намуда, гуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки марказии мамлакат ба рушду таҳкими робитаҳо байни низоми бонкии Тоҷикистон ва Ҷопон, аз ҷумла барқарор намудани муносибатҳои муросилотӣ, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ бо бонкҳои Ҷопон, инчунин ҳамкории дуҷониба бо Бонки марказии Ҷопон манфиатдор мебошад. Таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон омода аст, ки дархостҳоро барои кушодани бонкҳо, филиалу намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ баррасӣ намояд ва давлат баробарҳуқуқии сармоягузорони хориҷию ватаниро кафолат медиҳад.

Ҷонибҳо инчунин вобаста ба ҳамкорӣ тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи грантии JDS («Барномаи бурсияҳо оид ба рушди иқтидори захираҳои инсонӣ») суҳбат намуданд. Таъкид шуд, ки ин лоиҳаҳо дар тақвияти инфрасохтор, идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ ва рушди захираҳои инсонӣ саҳми назаррас доранд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки талошҳои пайваста барои баланд бардоштани иқтидор, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва имконияти таълимӣ ба рушди бахши бонкии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ ба пешрафти иқтисодиёти он мусоидат менамоянд.

Хонум Кейко Фурута аз таваҷҷуҳи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкии ду давлат истиқбол карда, барои тақвияти ҳамкории самаранок изҳори ҳавасмандӣ намуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Март 6, 2025 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1104 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд