Озарбойҷон Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ табрик намуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Озарбойҷон имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ таърихӣ унвон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Озарбойҷон аз имзои созишнома оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона истиқбол менамояд. Ин созишномаи таърихӣ қадами муҳиме аст, ки робитаҳои дӯстонаи байни ду халқ, инчунин субот ва шукуфоии Осиёи Марказиро боз ҳам мустаҳкамтар мекунад. Мо ҳарду мамлакати бародарро бо ин дастоварди назаррас аз таҳти дил табрик мегӯем», — омадааст дар изҳороти Ҷумҳурии Озарбойҷон.
Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд






