Раиси Девони вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Девони вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев ҳамроҳ бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд.
Таъкид гардид, ки 29 октябри соли 2016 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахш тағйир дода шуд ва таҳкурсии иншооти баландтарини гидроэнергетикии дунё — сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо баландии 335 метр поягузорӣ гардид.
16 ноябри соли 2018 нахустагрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор андохта шуд ва нахустбарқи «Роғун» тавлид гардид.
9 сентябри соли 2019 дар рӯзи ҷашни Истиқлол дуюмин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо пахши тугмаи рамзӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тавлиди барқ оғоз намуд ва то имрӯз ба нафъи иқтисоди миллии мамлакат ва шукуфоии Тоҷикистон хизмат мекунад.
Имрӯз неругоҳи «Роғун» тибқи дастуру роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи нангу номус, майдони заҳмату меҳнат чун рамзи воқеии ватандӯстию меҳанпарастӣ, кафолати ободии имрӯзу фардои мардуми шарифи мамлакат, сарсабзии давлати соҳибистиқлол ва миллати офарандаю бунёдкори тоҷик табдил ёфтааст.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






