Робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Шероз муҳим арзёбӣ гардид

Март 21, 2025 14:45

ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар Шероз мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо устондор (раиси вилоят)-и Шероз Ҳусейналии Амирӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва фарҳангу гардишгарӣ табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо истифодаи зарфият ва тавонмандиҳои мавҷуда, аз ҷумла робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Шерозро барои тақвияти ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Март 21, 2025 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид