Сарвари давлат бори дигар шаҳрвандонро даъват намуданд, ки заминҳоро самаранок истифода намоянд
ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бори дигар аз шаҳрвандони мамлакат, бахусус кишоварзон ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ замин доранд, даъват ба амал оварданд, ки бояд аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ самаранок истифода карда, гирифтани се – чор ҳосилро таъмин намоянд ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоиро афзоиш диҳанд.
Зеро ба таъкиди Сарвари давлат, солҳои охир бар асари мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим вазъи ҷаҳон торафт мураккабу буҳронӣ гардида, амнияти озуқавории кишварҳоро таҳти хатари ҷиддӣ қарор додааст.
«Чунин шароит моро водор месозад, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи хосса дода, барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худӣ беш аз пеш кӯшиш намоем ва тамоми захираву имконияти мавҷударо ба ин самт равона созем», -изҳор намуданд Пешвои миллат.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ҳар оилае, ки соҳиби замини президентӣ ва наздиҳавлигӣ мебошад, бояд онро барои таъмини оилаи худ бо озуқаворӣ ва захираи маводи ғизоӣ самаранок истифода намояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






