Ширкатҳои чинӣ барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ҷайҳун рӯнамо пешниҳод намуданд

Март 14, 2025 16:16

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи густариши истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда дар Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ, ки бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода, Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва  намояндагони вазорату идораҳо ва сармоягузорон баргузор гардид, баррасӣ шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои неругоҳҳои барқи офтобӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ махсусан таъкид гардид.

Дар ҷаласа намояндагони ширкатҳои чинии «Wuhan Building Material Industry Design & Reserch Institute Co Ltd.» ва «Eging PV Technology Group» рӯнамоҳояшонро барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон пешниҳод намуданд.

Рӯнамоҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Гурӯҳи корӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, барои баррасии минбаъда пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 14, 2025 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд