Ширкатҳои чинӣ барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ҷайҳун рӯнамо пешниҳод намуданд
ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи густариши истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда дар Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ, ки бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода, Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва намояндагони вазорату идораҳо ва сармоягузорон баргузор гардид, баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои неругоҳҳои барқи офтобӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ махсусан таъкид гардид.
Дар ҷаласа намояндагони ширкатҳои чинии «Wuhan Building Material Industry Design & Reserch Institute Co Ltd.» ва «Eging PV Technology Group» рӯнамоҳояшонро барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон пешниҳод намуданд.
Рӯнамоҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Гурӯҳи корӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, барои баррасии минбаъда пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






