Ширкати ҳавопаймоии «Kish Airlines»-и Эрон ба самти Душанбе парвозҳои ҳавоӣ анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар доираи тавсеаи ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Эрон ширкати ҳавопаймоии «Kish Airlines»-и Эрон тасмим гирифтааст, ки дар масири ҷазираи Кеш-Душанбе шуруъ аз 16 марти соли равон парвозҳои мустақимро оғоз намояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ифтитоҳи парвозҳои ҳавоӣ дар самти ҷазираи Кеш-Душанбе бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, хусусан ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар остонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз амалӣ шуда, парвозҳо дар ин масир бо ҳавопаймоҳои Airbus A321 анҷом дода мешаванд.
Ҷазираи Кеш дар устони Ҳурмузгони Эрон воқеъ буда, бо табиати зебою нотакрораш яке аз ҷолибтарин мавзеъҳои сайёҳӣ дар ҷануби Эрон мебошад.
Ҳоло ширкатҳои «SomonAir»-и Тоҷикистон ва «Varesh Airlines»-и Эрон байни Душанбе ва Теҳрон парвозҳои мустақим анҷом медиҳанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






