ШОМИ СУМАНАК. Тоҷикони муқими Белгия ва Нидерланд Наврӯзи байналмилалиро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил намуданд

Март 20, 2025 11:11

ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Берингени минтақаи Фландрия бо ташаббуси ҷамъияти тоҷикони Белгия  «Диёр» ва ҳамкории ҷамъиятҳои фарҳангии дигар шоми суманак ҳамчун рамзи баҳору Наврӯз бо шукуҳу шаҳомат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия хабар медиҳад.

Дар барнома ҳамватанони муқими Белгия ва Нидерланд, намояндагони ҷамъияти тоҷикони Нидерланд “Анҷумани Сомониён”,  дӯстдорони фарҳанги шарқӣ, инчунин сокинони маҳаллӣ ва меҳмонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иштирок намуданд.

Барномаи ҷашнӣ бо қироати шеъру сурудҳои наврӯзӣ оғоз гардида, ҳунармандон бо рақс ва оҳангҳои мардумӣ ҳусни чорабиниро афзуданд. Хони анъанавии “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин” бо тамоми унсурҳои хоси худ ороста шуд. Ҳамзамон либосҳои миллӣ ва таомҳои суннатии тоҷикӣ, ба монанди оши бурида, палов ва фатирмаска ба намоиш гузошта шуданд.

Меҳмонон имкони озмудани суманак ва дигар шириниҳои наврӯзиро дошта, бо суннату расму ойинҳои мардуми тоҷик аз наздик шинос гардиданд. Барнома бо бозиҳои мардумӣ ва рақсу сурудҳои ҷашнӣ идома ёфт, ки фазои идонаро боз ҳам гарму самимӣ гардонид.

Ин таҷлил бори дигар ҳамбастагии тоҷикони муқими Аврупоро ба намоиш гузошта, аҳамияти Наврӯзро ҳамчун ҷашни сулҳ ва ваҳдати фарҳангҳо таъкид намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия

Март 20, 2025 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид