Сокинони деҳаи Водхуди ноҳияи Ванҷ бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд

Март 10, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 10.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сокинони деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии ноҳияи Ванҷ иттилоъ доданд.

Оби ошомиданӣ бо кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз доманакӯҳ тавассути хати обгузар ва қубурҳои обгузар ба ин деҳа оварда шуд.

Аз ин оби ошомиданӣ зиёда аз 60 хонавода ва хонандагони муассисаи таълимии ин  деҳа имкон доранд, ки бе мушкилӣ истифода намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар аксари  деҳоти дурдасти ноҳия шабакаҳои муосири обрасонӣ бунёд шудаанд. Мутобиқи нақша, соли равон чунин шабакаи обрасонӣ дар ду деҳаи ноҳия бунёд мегардад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Март 10, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд