Сокинони деҳаи Водхуди ноҳияи Ванҷ бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сокинони деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии ноҳияи Ванҷ иттилоъ доданд.
Оби ошомиданӣ бо кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз доманакӯҳ тавассути хати обгузар ва қубурҳои обгузар ба ин деҳа оварда шуд.
Аз ин оби ошомиданӣ зиёда аз 60 хонавода ва хонандагони муассисаи таълимии ин деҳа имкон доранд, ки бе мушкилӣ истифода намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар аксари деҳоти дурдасти ноҳия шабакаҳои муосири обрасонӣ бунёд шудаанд. Мутобиқи нақша, соли равон чунин шабакаи обрасонӣ дар ду деҳаи ноҳия бунёд мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд






