Соли 2025 дар Тоҷикистон раванди татбиқи 32 ҳуҷҷати стратегӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад

Март 2, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 02.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода ва бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи аввалини Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Дар ҷаласа раванди иҷрои се ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2028», «Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» баррасӣ гардид.

Тибқи нақшаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ,  дар соли 2025 раванди татбиқи 32 ҳуҷҷати стратегӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Натиҷаҳои таҳлил ва арзёбӣ дар шакли гузориши муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳанд шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 2, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд