ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 март, шанбе, 60-умин рӯзи соли 2025 аст

Март 1, 2025 08:00

1 марти соли 2010 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷаласаи ХI Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид.

***

1 марти соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор ба бунёди боғи «Сеҳазорсолагии Ҳисор» оғоз бахшиданд.

***

1 марти соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ якбора се иншооти муҳими воситаҳои ахбори омма -Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ва Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори умум»-ро ифтитоҳ намуданд.

***

1 марти соли 2016 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки роҳҳои мошингарди Помир ба рӯйхати 10 роҳи зеботарини ҷаҳон ворид гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ  суханронӣ намуданд.

***

1  марти соли 2020  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

***

1 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо ҷашни гузаштаи Баҳор ва оғози соли нав — иди анъанавии мардуми Чин  самимона табрик намуданд.

***

1 марти соли 2022 дар Гаага ҳамкории Тоҷикистон ва Нидерланд дар мавзуи об баррасӣ гардид.

***

1 марти соли 2023 ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории Ҳайдаробод шинос гардид.

 1 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии мудофиаи шаҳрвандӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии лутф.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Қурбоналӣ Раҷаб— соли 1925 — Нависандаи халқии Тоҷикистон

***

Аслиддин Низомов— соли 1950 — доктори илмҳои санъатшиносӣ

Март 1, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 феврал, ҷумъа, 59-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, панҷшанбе, 58-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 феврал, чоршанбе, 57-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 феврал, сешанбе, 56-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 феврал, душанбе, 55-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, якшанбе, 54-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, шанбе, 53-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, ҷумъа, 52-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, панҷшанбе, 51-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, чоршанбе, 50-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, сешанбе, 49-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, душанбе, 48-умин рӯзи соли 2025 аст