ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 март, шанбе, 74-умин рӯзи соли 2025 аст

Март 15, 2025 08:00

Дар ҳамин рӯзи соли 1925 аввалин шумораи рӯзномаи «Иди тоҷик» (ҳоло «Ҷумҳурият») нашр шуд.

***

15 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни сафари Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон 11 созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расид.

***

15 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат сафар намуда, ба сохтмони нақби мошингарди «Чормағзак» оғози расмӣ бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» қабул гардид.

***

15 марти соли 2016 дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази саломатии ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.

***

15 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе масоили гуногуни ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуд.

***

15 марти соли 2018 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони баруманди халқи қазоқ дар назди Муҷассамаи ҳимоятгари Ватан гулчанбар гузоштанд.

***

15 марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муаррифии нахустин консерти Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

15  марти соли 2022  ба истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷилди 20-уми силсиламаҷмуаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Независимость Таджикистана и возрождение нации» бо сифати баланд  ба нашр расид.

***

15 марти соли 2023 намояндаи Тоҷикистон дар нишасти сеюми вазирони энергетикаи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд.

***

15 марти соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори якчанд давлати хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.

15 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкунандагон.

***

Дар Беларус – Рӯзи Конститутсия.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Урун Кӯҳзод— соли 1937 –Нависандаи халқии Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон,  барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

***

Талбак Назаров-  соли 1938 – доктори илми иқтисод, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

Март 15, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, шанбе, 347-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, ҷумъа, 346-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, панҷшанбе, 345-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, чоршанбе, 344-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, сешанбе, 343-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, душанбе, 342-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, якшанбе, 341-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, шанбе, 340-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, ҷумъа, 339-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, панҷшанбе, 338-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, чоршанбе, 337-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, сешанбе, 336-умин рӯзи соли 2025 аст