ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 март, якшанбе, 68-умин рӯзи соли 2025 аст

Март 9, 2025 08:00

9 марти соли 2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

***

9 марти соли 2012 дар варзишгоҳи «Дашрат» -и Катманду бозии якуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъватии Конфедератсияи футболи Осиё байни дастаҳои миллии Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Соли 2017 дар шаҳри Марини Швейтсария байни Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати «Металор» шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

***

9 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.

***

9 марти соли 2021 дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон комплекси агросаноатӣ ба фаъолият оғоз намуд.

***

9 марти соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср бо Осорхонаи миллии тамаддуни Миср шинос шуданд.

***

9 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Амрико, Туркия, Қатар, Молдова, Ирландия, Португалия, Кипр, Чили, Уганда ва Зеландияи Нав эътимоднома қабул намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат мулоқот намуданд.

9 МАРТ:

Рӯзи ҷаҳонии дидҷей.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Нориниссо Бобоҷонова—  соли 1931 — арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

***

Зубайдулло Шарифзода— соли 1951 — нависанда.

***

Марҳабо Юсуфова— соли 1940 — наттоқи радио, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Март 9, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, панҷшанбе, 331-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, чоршанбе, 330-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, сешанбе, 329-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, душанбе, 328-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, якшанбе, 327-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, шанбе, 326-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, ҷумъа, 325-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, панҷшанбе, 324-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, чоршанбе, 323-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, сешанбе, 322-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, душанбе, 321-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, якшанбе, 320-умин рӯзи соли 2025 аст