Татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид

Март 1, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 01.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021-2025» ба анҷом мерасад. Тибқи он бунёду барқарорсозии 92 лоиҳа ба маблағи 222 миллиону 294 ҳазор сомонӣ нақшабандӣ шуда буд. Дар ин хусус 28 феврал зимни баргузории машварати васеъ дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дода шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, давоми солҳои 2021-2024 ба иҷрои бандҳои барнома аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои бунёду барқарорсозии иншоот 155 миллиону 428 ҳазор сомонӣ равона гардид. Соли 2024 бо саъю кӯшиши ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва соҳибкорон 7 банди барнома иҷро гардид.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи «Барномаи давлатии муҳити дастрас  барои солҳои 2021-2025» барои рушди тадбирҳои дастгирии иҷтимоии маъюбон, фароҳам овардани имконияти баробар ҷиҳати иштирок дар ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо тадбирҳо амалӣ гардиданд.  Вобаста ба бандҳои нақшаи чорабиниҳои амалишуда дар қаламрави вилоят шиносномадиҳӣ ба иншоот ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ барои маъюбон бо ҷалби намояндагони ташкилоти ҷамъиятии маъюбон гузаронида шуд. Бо мақсади  таъмини дастрасии маъюбон ба иншооти инфрасохтори иҷтимоии амалкунанда боғҳо, пиёдагардҳо ва гузаргоҳҳои пиёдагард барои маъюбон мутобиқ карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Март 1, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа