Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ ба ифтихори таҷлили нахустини Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинии сатҳи баланд доир намуд

Март 22, 2025 09:15

ДУШАНБЕ, 22.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 марти соли ҷорӣ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид чорабинии сатҳи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили нахустини Рӯзи байналмилалии пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об баргузор гардид, ки дар кори он вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронии худ нақши калидии пиряхҳоро ҳамчун манбаи асосии оби ошомиданӣ барои миллионҳо нафар, бахусус дар Осиёи Марказӣ изҳор намуда, иброз дошт, ки пиряхҳои бузурги Тоҷикистон ҳамчун «бурҷи обии минтақа» хизмат мекунанд.

Тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистон ба ҳайси мамлакате, ки захираҳои обии он ба пиряхҳо вобастагӣ доранд, аз таъсири манфии обшавии босуръати онҳо ва коҳиши ҳаҷми захираҳои обӣ нигарон аст. Тағйирёбии иқлим ҳеҷ марзеро намешиносад ва барои вокуниши муассир амалҳои ҳамоҳангшуда ва ҳамкориҳои васеи байналмилалӣ заруранд. Дар ин росто, зарурати нигоҳ доштани рӯҳияи ҳамкорӣ ва идомаи тадбирҳои амалии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид 2023 таъкид гардида, аз кишварҳо ва шарикони байналмилалӣ барои омодагӣ ба чорабиниҳои муҳими оянда, аз ҷумла Конфронси оби 2026 дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид 2028 дар Душанбе даъват ба амал оварда шуд.

Зимни ёдоварӣ аз нақши Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои глобалӣ оид ба захираҳои об ва иқлим, платформаи «Раванди оби Душанбе» ҳамчун воситаи муҳими таҳкими мудирияти устувори об ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим арзёбӣ гардид. Ҳамзамон ба ҳозирин дар бораи раванди тадорукотии Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (29 — 31 майи соли 2025, Душанбе) ва аҳаммияти ин ҳамоиш барои муҳокимаи роҳҳои ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ маълумот дода шуд. Ҳамчунин илова гардид, ки дар натиҷаи Конфронс, Эъломияи Душанбе, хулосаи ҳамраисон ва Даъвати Душанбе чун санадҳои ниҳоӣ қабул шуда, онҳо саҳми назаррасе дар рӯзномаи COP30 дар Бразилия хоҳанд гузошт.


Вазири корҳои хориҷии мамлакат дар қисми ниҳоии чорабинӣ нақши боризи Тоҷикистонро дар таҳия, пешбарӣ ва татбиқи ташаббусҳои глобалии соҳаи об иброз намуда, зарурати идомаи ҳамкорӣ дар омодагӣ ба Конфронси обии СММ-2026 дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Сенегал ва Конфронси обии СММ-2028 дар Душанбе таъкид кард.

Дар ин росто зимни ироаи маълумот оид ба раванди тадорукотии Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (29 то 31 майи соли 2025 дар Тоҷикистон) Сироҷиддин Муҳриддин кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, доираи илмӣ, коршиносон ва ва ҷонибҳои манфиатдорро ба ҳамоиши мазкур даъват намуд.

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода низ иштирок ва суханронӣ намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон/Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 22, 2025 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд