Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самти содирот Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Март 14, 2025 09:55

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 март пас аз анҷоми мулоқоту музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот «Қирғиз содирот»»-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содироти ҷумҳурӣ хабар доданд, мақсади Ёддошти тафоҳум афзун намудани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва истифодаи имконоти ҳарду ҷумҳурӣ мебошад.

Инчунин имзои санад ба тақвият додани ҳамкорӣ ва афзун намудани содироти маҳсулоти саноатию кишоварзии ҳарду ҷониб, ворид шудан ба бозорҳои мамлакатҳои сеюми ба ҳарду ҷониб манфиатдор, баргузор намудани вохӯриҳо, чорабиниҳои тиҷоратӣ, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо, ки ба таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ нигаронида шудаанд, мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 14, 2025 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд