«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст…». Наврӯз дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон шукуҳу таҷаллии тоза пайдо намуд

Март 22, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 22.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Наврӯз, ки аз даврони қадим марзҳоро убур намуда, ба фарҳанги якчанд давлати минтақа роҳ ёфта буд, дар оғози садаи ХХI ба таври расмӣ низ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тасдиқу тасвиб шуд. Нахуст онро созмони ЮНЕСКО соли 2009 ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид намуд ва соли 2016 шумораи давлатҳои аъзои парвандаи Наврӯз зиёд шуда, ҳуҷҷатҳо мукаммал ва аз нав тасдиқу имзо гардиданд. Акнун дар парвандаи Наврӯз бо Тоҷикистон Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Ироқ ҳамроҳ мебошанд.

23 феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҳавзаи Наврӯз мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба тасвиб расид. Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мешавад. Аз давлатҳои ҳавзаи Наврӯз даъват мешавад, ки ҳамасола онро бошукуҳ ҷашн гирифта, дар густариш ва рушду таблиғи суннатҳои Наврӯз саҳм гузоранд.

Дар давраи истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукуҳу таҷаллии тоза пайдо намуд. Мо, тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва иди покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ таҷлил менамоем.

Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав буда, ба ҷашни баробаршавии шабу рӯз, инъикоскунандаи фалсафаи баробарии инсоният дар рӯи Замин табдил ёфтааст. Мақоми он дар фарҳанги тоҷик ва ҳамзамон дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзишманд мебошад. Ин ҷашни аҷдодии мо шукуҳу шаҳомати беназир дошта, дар худ рамзи меҳрофарӣ, равшангароӣ, зебоидӯстӣ, ҳамнавоӣ бо табиату Замин, неруи тоза ва қавӣ пайдо намудан, ободкорию накӯкориро инъикос ва таҷассум намудааст. Бинобар ин ягон боду газанди рӯзгору зарбаҳои таърих натавонист Наврӯз ва арзишҳои муқаддаси онро аз байн барад.

Истиқлоли Тоҷикистони азиз ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он ибтидо гузошт, ки заминаи ваҳдати миллӣ устувор гашта, урфу одат, расму ойини миллии ниёгон ва арзишҳои муқаддаси аҷдодиамон дар симои Наврӯз дубора эҳё гардида, ба тамоми оламиён муаррифӣ ва ба ҷашнвораи ҷаҳонӣ табдил ёбанд. Ин паёми нек ба шоирону адибони муосири мо барои эҷоди шеъру чакидаҳои наву рангин илҳоми тоза бахшид.

Шоири шинохтаи тоҷик Муҳаммад Ғоиб дар шеъри зер васфи гулу Наврӯз менамояд ва бо ифтихор Тоҷикистонро Ватани Наврӯз меномад:

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври ғул-ғулфикани Наврӯз аст.
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.
Бӯи Наврӯз расад аз ҳама дар
Рӯзи Наврӯз расад аз ҳама бар.
Ҳама дар пероҳани наврӯз аст
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст…
Сабзгун пуштаву саҳрои Ватан,
Сабзпӯш аст ҳама ҷои Ватан.
Сабз ҷон дар бадани Наврӯз аст.
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст…

Наврӯз дар фарҳанги миллии мо хислату андешаҳои накӯ ва созандаро густариш бахшида, оштӣ ва сулҳофарӣ, адолатпешагиву ваҳдатро парастиш менамояд ва сулҳу оромӣ тақдим менамояд. Бо даромадани рӯзи наву Наврӯз ҳама дарду ғамҳои кӯҳна ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, зиндагии хушу рангин ва марҳилаи тоза барои ибтидои ҳаёти нав оғоз мешавад.

Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон аст, ки аз рӯзгори қадим ибтидо гирифта, то ба имрӯз ғоя ва анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашариашро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад. Наврӯз ва тамоми суннатҳои наврӯзӣ намунаи баланди одобу маърифат ва некию ҷавонмардӣ, хайрхоҳӣ, сулҳу нишот ва хушбахтии одамизод мебошанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозии мо аст, ки омӯзиш ва шинохти ҷашни Наврӯз, мақому мартаба ва идеяҳои арзишманди он то ҳол манзалаташонро гум накардаанд, балки боз асолату назокати наву рангин касб намуда, барои бедор намудани худшиносию хештаншиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаамон барои наслҳои оянда хеле муҳим мебошанд. Ин ҷашн аз ҳамаи мо тақозо менамояд, ки пос доштану эҳтироми мероси аҷдодиамонро муқаддас шуморему ба наслҳои баъдӣ ба ёдгор бимонем.

Бояд гуфт, ки Наврӯзу суннатҳои он пас аз соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавассути талошҳои хастагинопазири Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми пешина ва маснади аслиаш баргардонида шуд.

Исмоил ЭМОМЗОДА,
иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

АКС аз манбаъҳои боз

Март 22, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛИИ ИННОВАТСИОНӢ. Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони Тоҷикистон
МАҶМААИ САЙËҲИЮ ИСТИРОҲАТИИ «ЧОРЧАМАН». Маконе, ки чашм аз тамошои он серӣ надорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ТО ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Марҳилаи нави ислоҳоти идоракунии давлатӣ
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик