Тоҷикистонро дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз чӣ гуна ҳаво интизор аст?

Март 20, 2025 15:52

ДУШАНБЕ, 20.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз 21 то 23 март ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ин рӯзҳо то 30 дараҷа гарм мешавад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

24 март дар мамлакат ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон ва раъду барқ дар назар аст. Чангу ғубор низ ба амал меояд. Инчунин аз 24 то 28  март ҳавои тағийрёбанда пешгӯӣ шуда, боридани борон дар назар аст. Ба амал омадани раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Дар ин рӯзҳо ҳарорат паст мешавад.

Аз 29 то 31 март ҳавои камабри  бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ин рӯзҳо баланд мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ аз 21 то 23 март ҳаво 27 дараҷа гарм мешавад. 24 март дар баъзе ноҳияҳо бориши борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзҳои аввали ҷашн ҳавои тағийрёбанда дар назар буда, ҳарорат то 15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 11-16 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. 24 март дар вилоят боридани борону барф пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Хатлон дар рӯзҳои ҷашн ҳаво камабри бебориш мешавад. Дар водиҳо рӯзона то 31 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо то 25 дараҷа гарм мешавад. 24 март дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ аз эҳтимол дур нест.

Дар ин рӯзҳо ҳаво дар водиҳои вилояти Суғд рӯзона то 26 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 15 дараҷа гарм мешавад. 24 март борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 20, 2025 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус» Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
Соли 2030 дар ҳудуди Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад
Дар Душанбе татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо ширкати Чин баррасӣ шуд
Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — тадбири намунавӣ дар байни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Тоҷикистонро моҳи аввали фасли тобистон чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд