Тоҷикистонро дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 20.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз 21 то 23 март ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ин рӯзҳо то 30 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
24 март дар мамлакат ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон ва раъду барқ дар назар аст. Чангу ғубор низ ба амал меояд. Инчунин аз 24 то 28 март ҳавои тағийрёбанда пешгӯӣ шуда, боридани борон дар назар аст. Ба амал омадани раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Дар ин рӯзҳо ҳарорат паст мешавад.
Аз 29 то 31 март ҳавои камабри бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ин рӯзҳо баланд мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ аз 21 то 23 март ҳаво 27 дараҷа гарм мешавад. 24 март дар баъзе ноҳияҳо бориши борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзҳои аввали ҷашн ҳавои тағийрёбанда дар назар буда, ҳарорат то 15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 11-16 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. 24 март дар вилоят боридани борону барф пешбинӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон дар рӯзҳои ҷашн ҳаво камабри бебориш мешавад. Дар водиҳо рӯзона то 31 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо то 25 дараҷа гарм мешавад. 24 март дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ аз эҳтимол дур нест.
Дар ин рӯзҳо ҳаво дар водиҳои вилояти Суғд рӯзона то 26 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 15 дараҷа гарм мешавад. 24 март борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






