Толорҳои алоқа – барои ҳама!
ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қисми зиёди масъалаҳои «мобилӣ»-ро дар айни замон метавон мустақилона ҳал намуд. Ҳамин тариқ, дар замимаи «МегаФон Life» муштариён тарофаҳои нав пайваст менамоянд, тавозуни телефонро пур мекунанд, барои истифодаи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ соҳиби бонусҳо мегарданд. Вале дар баробари ин толорҳои алоқа нуфузу эътибори худро барои сокинони ҷумҳурии мо нигоҳ медоранд. Аз ин рӯ, МегаФон Тоҷикистон рушди шабакаи фурӯш ва пешниҳоди хизматрасониҳои навро ба мизоҷон идома медиҳад. Ва доираи мизоҷон танҳо бо муштариёни оператор маҳдуд намегардад. Дар толорҳои алоқа кадом амалҳоро анҷом додан мумкин аст ва чаро ифтитоҳи онҳо барои шахсоне, ки дар наздикӣ зиндагӣ ё фаъолият менамоянд, хабари гуворо аст?
Хизматрасонии сатҳи баланд
Бале, смартфонҳо бо замимаи боргиришуда барои мустақилона идора намудани хизматрасониҳои алоқа имкон медиҳанд. Аммо муштарӣ метавонад саволҳои гуногун дошта бошад – масалан, вобаста ба танзимкунии гаджетҳо. Илова бар ин, бисёре аз сокинони ҷумҳурӣ танҳо муоширати «зинда» бо мушовиронро афзалтар медонанд. Дар ҳақиқат, ворид шудан ба толори зебои алоқа, ки дар он ҷо шуморо бо табассум пешвоз гирифта, барои фавран ҳал намудани масъалаи муҳим кумак мерасонанд, гуворо аст!
Пардохти хизматрасониҳо
Дар идораҳои ширкати «МегаФон Тоҷикистон» на танҳо муштариёни худро интизоранд. Дар ин ҷо метавон маблағи хизматрасониҳои тамоми операторони мобилии ҷумҳурӣ, интернет-провайдерон, инчунин NGN ва телефонҳои шаҳрӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, телевизион, алоқаи байналмилалиро пардохт намуд. Ҳамаи ин амалҳо зуд, мувофиқ ва бе навбатпоиҳост.
Хизматрасониҳои бонкӣ
Барои пардохти қарз бе фоизҳои иловагӣ пур намудани ҳисоби депозит ё кортҳои бонкҳо ва ташкилоти қарзии хурд интиқоли маблағ лозим аст? Ин амалҳоро низ дар толорҳои оператор анҷом додан мумкин аст. МегаФон Тоҷикистон кайҳо боз аз доираи телекоммуникатсия берун баромадааст, аз ин рӯ, барои ҳалли масъалаҳои молиявӣ низ ба ин ҷо биёед. Хизматрасониҳои бонкиро оператор дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзи хурди «Ҳумо» пешниҳод менамояд.
Гирифтани пули нақд
«Cash Out» – чунин ном дорад хизматрасонии нодире, ки аз ҷониби шабакаи фурӯши ширкати «МегаФон Тоҷикистон» пешниҳод мегардад. Танҳо манзур намудани шиноснома ва корти бонкии «Корти миллӣ» кофӣ аст ва баъди амали кӯтоҳи мушаххаскунии шахсият мизоҷ худаш PIN-рамзро дар POS-терминал рақамчинӣ мекунад, мушовир ба ӯ маблағи заруриро ба таври нақдӣ бо расид медиҳад. Ҳангоми пардохти харидҳо дар бозор, ки дар он ҷо на ҳама вақт пардохт ба тариқи корт қабул карда мешавад, ин хизматрасонӣ муносиб мебошад. Аз ин рӯ, толорҳои «МегаФон Тоҷикистон» аксар вақт дар маҳаллаҳо дар наздикии бозорҳои марказӣ ифтитоҳ меёбанд.
Суғуртакунӣ
Дар Душанбе барои мизоҷони толорҳои алоқаи «МегаФон Тоҷикистон» хизматрасониҳои суғуртакунии мошинҳо ва таҷҳизоти мобилӣ дастрас мебошанд. Мушовирон дар интихоби беҳтарин пешниҳодҳо ва барасмиятдарории полис кумак мерасонанд. Ин назар ба мустақилона ҷустуҷӯ намудани маълумот дар интернет зудтар ва мувофиқтар аст.
Иҷораи пауэрбанкҳо
Меҳмонони Душанбе дар кӯчаю боғҳои пойтахт бисёр сайру гашт менамоянд. Дар баробари ин, барои бе алоқа намондан метавон аккумулятори беруниро барои телефон ба иҷора гирифт. Чунин хизматрасониро низ толорҳои ширкати «МегаФон Тоҷикистон» пешниҳод менамоянд. Ҳангоми сайругашт тамошои шаҳр аз ҷустуҷӯи васлак беҳтар аст.
Феълан шабакаи фурӯши «МегаФон Тоҷикистон» дар саросари Тоҷикистон зиёда аз 400 толори алоқа дорад. Ҳатто дар ҷамоати дурдаст баробари ворид шудан ба идораи оператор на танҳо масъалаҳои мобилӣ, балки дигар масъалаҳоро низ ҳал намудан мумкин аст. Мувофиқ, муфид ва гуворо – зеро дар ин ҷо, албатта, шуморо бо табассум пешвоз мегиранд!
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






