Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҳошияи Форуми ЭСКАТО дар Бангкок мулоқоти коршиносон доир намуд

Март 29, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 29.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи лоиҳаи «Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ» мулоқоти коршиносон доир намуд. Ин мулоқот дар ҳошияи Форуми операторони «бандарҳои хушк», хизматрасониҳои логистикӣ ва мултимодалии нақлиётӣ, ки аз ҷониби ЭСКАТО /Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба Осиё ва Уқёнуси ором дар шаҳри Бангкок -Шоҳигарии Тайиланд гузашт, баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Дар доираи Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2025 ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи «Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ» — ро таҳия менамояд.

Ба ин раванд коршиносони ЭСКАТО –и Созмони Милали Муттаҳид, инчунин мутахассисони идораҳои марбутаи давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷалб гардидаанд.

Аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мулоқот директори департаменти ҳамкории иқтисодӣ Михаил Мискин иштирок намуд. Дар муҳокимаи масъалаи таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷат намояндагони давлатҳо оид ба ташаккули бахшҳои алоҳидаи он пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

Ба иштирокдорони форум иттилоъ дода шуд, ки баъди ба итмом расидани таҳияи лоиҳаи стратегия он ба кумитаи Иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои баррасии мақомоти олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил супорида мешавад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 29, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд