1 апрел — Рӯзи байналмилалии парандагон. Дуғдоғ парандаи соли 2025 аст

Апрель 1, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 43 намуди паранда- лаклаки сафед, шоҳин, лочин, бургут, мурғи тазарв, мурғи ҳумо, дуғдоғ ва ғайра ҳамчун парандагони нодир ва зери тахдиди маҳвшавӣ қарордошта ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил шудаанд.

1 апрел дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии парандаҳо таҷлил мегардад. Ин рӯз аз соли ба имзо расидани Конвенсияи байналмилалии ҳифзи парандагон — 1 апрели соли 1906 сарчашма мегирад. Рӯзи байналмилалии парандагон бо мақсади ҳифзи олами парандагон гузаронида шуда, инсониятро водор менамояд, ки парандагонро дӯст доранд ва ҳифз намоянд. Зеро ҳифзи парандаҳо ва муҳити зисти онҳо омили асосӣ барои ҳамзистии минбаъдаи парандагон бо одамон аст. Аз байн рафтани намудҳои парандаҳо ба маҳви гуногунрангии табиат ва муҳити зисти одамон таҳдид менамояд.

Дар Тоҷикистон беш аз 400 намуди паранда вомехӯрад

Дар Тоҷикистон зиёда аз 400 намуди парандагонро вохӯрдан мумкин аст, ки беш аз 180 намуди он парандагони муқимӣ ва зиёда аз 200 намуд парандаҳои кӯчанда ё мусофир мебошанд. Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ минтақаи муҳим барои ҷамъ омадани парандагон маҳсуб мешавад. Ин аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон 18 мавзеи орнитологӣ муайян шудааст, ки дар онҳо шумораи зиёди парандагон дар фаслҳои гуногуни сол ҷамъ меоянд.

«Бешаи палангон» ва обанбори «Баҳри тоҷик» — макони сукунати парандагон

Дар шароити табиии Тоҷикистон макони асосии сукунати парандагон асосан минтақаҳои кӯҳӣ, даштҳо, ҷангалзор, биёбонҳо, марғзор, кӯлу дарёҳо, обанбор ва маҳалҳои аҳолинишин мебошанд. Аз тарафи мутахассисони соҳаи парандашиносӣ дар минтақаи Тоҷикистони ҷанубӣ-ғарбӣ ва мавзеъҳои обию ботлоқии Тоҷикистони шимолӣ ҷамъ омадани то 150 ҳазор парандагон сабт шудааст. Дар байни парандагони Тоҷикистон беш аз 140 намуде ба қайд гирифта шудаанд, ки парандаҳои кӯчанда мебошанд. Хусусан обанбори «Баҳри тоҷик» — дар шимоли Тоҷикистон ва обанборҳое, ки дар қисмати ҷанубии мамлакат ҷойгир шудаанд, инчунин ҳавзу кӯлҳои мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», поёноби дарёи Вахшу Кофарниҳон мавзеъҳои асосии ҷамъ омадани парандагон мебошанд.

Парандагони муқимии Тоҷикистон 180 намудро ташкил медиҳанд

Баъзе парандагоне ҳастанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон давоми чанд рӯз ба қайд гирифта мешаванд. Онҳо ҳангоми кӯчиш қаламрави мамлакати моро аз қисмати ҷанубии Осиё ба қисмати шимолӣ ба сифати истгоҳ истифода мебаранд. Дар ин ҷо онҳо захираи нерумандии худро барқарор намуда, боз парвозашонро идома медиҳанд. Дар фаслҳои гуногуни сол парандагони зиёд аз мамлакати мо муҳоҷират мекунанд. Ғайр аз парандагони кӯчанда дар Тоҷикистон парандагоне ҳастанд, ки онҳо муқимӣ мебошанд ва теъдодашон тақрибан 180 намудро ташкил медиҳад.

Дуғдоғ- парандаи соли 2025

Бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори парандагон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон ҳамасола яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро парандаи сол интихоб менамоянд. Соли 2025 ба озмун даҳ паранда- бедона, дурроҷи сиёҳ, дуғдоғ, чил, зоғобӣ, доснӯл, иқгуи даштӣ, каргаси ҳимолоӣ, чархресак ва булбули гардансафед пешниҳод гардиданд, ки аз байни онҳо дуғдоғ парандаи соли 2025 интихоб гардид.

Дуғдоғ-парандаи беозор

Дуғдоғ парандаи беозору зебо буда, дар ҳолати нестшавӣ қарор дорад. Он ба Китоби Сурхи иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Дуғдоғ дар саҳроҳои Ашту «Бешаи палангон», водии Зарафшон, поёноби дарёи Кофарниҳон ва Вахшу Панҷ паҳн шудааст. Ҷои зисташ даштҳои санглоху нимбиёбон буда, 2-3 тухм мегузорад ва давоми 21-22 рӯз чӯҷа мебарорад.

Ҳамагӣ 23 ҷуфти дуғдоғи муқимӣ сабт шудааст

Дуғдоғ аз рӯи ҳаҷм аз мурғи хонагӣ каме калонтар буда, дарозии баданаш 65-75 см ва вазнаш 1,8-3,2 кг аст ва 20 сол умр мебинад. Дар Тоҷикистон ду навъи ин парранда- муқимӣ ва муҳоҷир зиндагӣ менамоянд. Дар Тоҷикистон тибқи ҳисоби мутахассисон, ҳамагӣ 23 ҷуфти дуғдоғи муқимӣ сабт шудааст, аммо дар давраи муҳоҷират шумораи онҳо то 5 ҳазору 60 адад меафзояд. Дуғдоғ парандаи хеле эҳтиёткор буда, бо эҳсоси хатари ночиз пинҳон мешавад, аз ин рӯ, ба он наздик шудан қариб, ки ғайриимкон аст. Интихоби парандаи сол ба фароҳам овардани заминаи муносиб барои афзоиши он ва муаррифии бештари парандаи интихобгардида мусоидат менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 1, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАЗАРИ КОРШИНОС. Зимни сафари кории Сарвари давлат ба Бадахшон ҳудудан 50 чорабинӣ ва ифтитоҳи иншоот доир гардид
Занону духтарон дар рушди хизмати давлатӣ нақши арзанда мегузоранд
Сафи занону духтарони соҳибмаълумот ва ҳунарманди ноҳияи Тоҷикобод меафзояд
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
ҚУДУМИ ФАЙЗБОР. Бо иштироки Пешвои миллат дар Бадахшон даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад
Ҳунармандӣ дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд меёбад
Махфират Хидирзода: «Ваҳдати миллӣ — ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗЕРБИНОИ РУШДУ ОСОИШТАГӢ. Бо кӯшишҳои хастагинопазири Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ ва кишвар обод гардид
Ваҳдати миллӣ — кафили сулҳу суботи Тоҷикистон
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад