12 апрел — Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон. Саҳми олимони Институти астрофизика дар таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ назаррас аст

Апрель 12, 2025 08:37

ДУШАНБЕ, 12.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 апрел Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон аст. 12 апрели соли 1961 бо киштии кайҳонии «Восток» аввалин кайҳоннавард дар таърихи инсоният – Юрий Гагарин аз Пойгоҳи кайҳонии «Байконур» ба кайҳон парвоз кард.  Юрий Гагарин атрофи Заминро 1 соату 48 дақиқа чарх зада, ба Замин баргашт. Бо ин Юрий  Гагарин барои инсоният ба кайҳон роҳ кушод.

Тавре дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» ходими калони илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фирӯза Раҳматуллоева иброз дошт, «илми кайҳоншиносӣ ва парвоз ба кайҳон яке аз воситаҳои муҳими омӯзиши коинот, Замин, системаи офтобӣ ва умуман инсон мебошад. Рӯз то рӯз истифодаи дастовардҳои кайҳоншиносӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаамон васеъ гашта, имкониятамонро тавассути онҳо инкишоф медиҳем ва табиатро тобеи худ мегардонем. Пешгӯии боду ҳаво, навигатсия, наҷоти одамон ва ҷангалзор, телевизиону радио, алоқаи моҳвораӣ ва интернет аз технологияҳои пешқадами замони муосир мебошанд, ки ҳама бо шарофати парвозҳои кайҳонӣ ба даст омадаанд».

Мақсаду вазифаҳои асосии фаъолияти Институти астрофизика таҳқиқот ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсади осоишта мебошад, ки ин пурра мутобиқи принсипҳои асосии қарори қабулнамудаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Дар баробари омӯзиши объектҳои табиии кайҳонӣ инчунин  институт дар гузаронидани мушоҳидаҳои оптикии объектҳои фаъол — астероидҳои камарбанди асосӣ, кометаҳо (кометаҳои кӯтоҳмуддат ва кометаҳои дароздавр дар масофаҳои дури гелиосентрикӣ), муайян кардани хусусияти динамикӣ ва физикии онҳо дар асоси маълумоти мушоҳидавӣ, таъсиси механизмҳои боэътимоди пайдоиши ногаҳонии фаъолияти кометаҳо дар астероидҳо саҳми арзанда дорад.

Дар Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглохи институт мушоҳидаҳои радифҳои интихобшуда бо пораҳояшон, яъне партовҳои кайҳонӣ, аз ҷумла дар якҷоягӣ бо ҳамкасбон аз муассисаҳои астрономии Академияи илмҳои Русия ва Академияи илмҳои Чин ба анҷом расонида шуданд. Аз рӯи натиҷаҳо якчанд мақолаи муштарак интишор гардид. Ҳамчунин баромадҳои ҳамҷоя дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таҳия карда шуданд.

«Аз соли 2019 то имрӯз олимони Институти астрофизика дар мушоҳидаҳои байналмилалии Variable Star Network бо олимони Расадхонаи астрофизикии Қрими Академияи илмҳои Русия  иштирок менамоянд. Онҳо дар 134 шаби мушоҳидаҳои ситораҳои фавқулнав иштирок намуданд, ки ин равандҳо дар доираи лоиҳаи байналмилалии  «MASTER»  оид ба омӯзиши системаҳои дучандаи зич дар марҳилаҳои дертари таҳаввули ситораҳо ба таҳқиқот вобастагӣ дорад. Яке аз муҳимтарин натиҷаи онҳо дар робита бо олимони ин расадхона-  ин  омӯзиши ситораҳои  «MASTER» аст, ки дар ин омӯзиш эффектҳои ғайриодии ситораҳоро ошкор намудаанд»,-гуфт Фирӯза Раҳматуллоева.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар доираи Даҳаи илми академӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон дар Расадхонаи астрономии Ҳисор Рӯзи дарҳои кушод оғоз гардид. Дар ҳамоиш мактаббачагон-хонандагони бахши астрономияи Академияи илмҳои хурд ва донишҷӯён иштирок доранд. Дар ҷамъомад масъалаҳои муосир оид ба омӯзиш ва истифодаи кайҳон бо мақсадҳои осоишта, роҳи ҳалли онҳо, роҳҳои ба ин соҳа ҷалб намудани ҷавонон ва шахсони болаёқат мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

Инчунин иштирокчиён бо телескопҳои Расадхонаи астрономии Ҳисор шинос мешаванд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 12, 2025 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад