Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.04.2025 /АМИТ “Ховар”/. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Москва бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин вохӯрӣ намуд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода мулоқоту музокиротро идомаи сиёсати созандаи сарони давлатҳо барои ба сатҳи нави рушд баровардани шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия номид.
Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳо байни минтақаҳои ду кишвар, афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва бунёди корхонахои муштараки саноатӣ зоҳир гардид.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, атрофидигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи дуҷониб сурат гирифт.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






