Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот намуд

Апрель 25, 2025 19:11

ДУШАНБЕ, 25.04.2025 /АМИТ “Ховар”/. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Москва бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин вохӯрӣ намуд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода мулоқоту музокиротро идомаи сиёсати созандаи сарони давлатҳо барои ба сатҳи нави рушд баровардани шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия номид.

Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳо байни минтақаҳои ду кишвар, афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва бунёди корхонахои муштараки саноатӣ зоҳир гардид.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, атрофидигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи дуҷониб сурат гирифт.

Апрель 25, 2025 19:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад
Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд
«Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ оғоз гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад