30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт ботантана таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт ҳамоиши расмӣ доир карда шуд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар таҷлили ин санаи таърихӣ аз ҷониби Тоҷикистон муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин иштирок ва суханронӣ намуд.
Исматулло Насредин таъкид намуд, ки «давоми се даҳсола робитаҳои бародаронаи Тоҷикистон ва Кувайт бар асоси эҳтироми якдигар, ҳамкории мутақобили судманд ва талошҳои муштарак барои таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва сартосари ҷаҳон бемайлон рушд намуданд.
Давлати Кувайт яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон дар Ховари Миёна буда, давлати мо худро барои Кувайт ҳамчун дӯсти боварибахш дар Осиёи Марказӣ собит намудааст».
Таъкид гардид, ки табодули сафарҳо дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла муколамаи сиёсии сатҳи олӣ дар доираи сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт, алалхусус гуфтушунидҳо бо Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ барои густариши робитаҳои фарогири соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн мусоидати назаррас менамояд.
Аз ҷониби кувайтӣ ҳамчун меҳмони фахрӣ муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба умури Осиё Самиҳ Исо Ҷавҳар Ҳаёт иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ин ҳамоиши тантанавӣ роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва масъулини доираҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, тоҷикони бурунмарзӣ, донишҷӯён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма низ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин маросими муаррифии китоби «Тоҷикистон ва Кувайт дар тӯли 30 сол» бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар, ки бо ташаббуси Сафорат ба забони арабӣ дар нашриёти ал-Қабаси Давлати Кувайт ба чоп расонида шуд, баргузор гардид. Китоби мазкур муҳимтарин рӯйдодҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайтро дар бар гирифта, хонандаро бо таърихи ташаккул ва рушду таҳкими муносибатҳо давоми се даҳаи гузашта ба таври васеъ шинос месозад.
Ҳамзамон барои ҳозирин оид ба таърихи ташаккул ва дастовардҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт филми кӯтоҳ манзур гардид.
Дар фарҷоми таҷлили 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ дар назди доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои телевизионӣ муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Ҷавҳар Ҳаёт ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бахшида ба ин санаи муҳимми таърихӣ мусоҳиба намуданд.
Инчунин сафирони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин, Италия, Эрон ва чеҳраҳои барҷастаи кишвари иқомат роҷеъ ба таассуроташон доир ба муносибатҳои наздику бародаронаи Тоҷикистону Кувайт дар назди воситаҳои ахбори омма ибрози андеша намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт













Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид






