30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт ботантана таҷлил гардид

Апрель 17, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати  Кувайт бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт ҳамоиши расмӣ доир карда шуд.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати  Кувайт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар таҷлили ин санаи таърихӣ  аз ҷониби Тоҷикистон муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин иштирок ва суханронӣ намуд.

Исматулло Насредин таъкид намуд, ки «давоми се даҳсола робитаҳои бародаронаи Тоҷикистон ва Кувайт бар асоси эҳтироми якдигар, ҳамкории мутақобили  судманд ва талошҳои муштарак барои таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва сартосари ҷаҳон бемайлон рушд намуданд.

Давлати Кувайт яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон дар Ховари Миёна буда, давлати мо худро барои Кувайт ҳамчун дӯсти боварибахш дар Осиёи Марказӣ собит намудааст».

Таъкид гардид, ки табодули сафарҳо дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла муколамаи сиёсии сатҳи олӣ дар доираи сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт, алалхусус гуфтушунидҳо бо Амири Давлати Кувайт  Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ барои густариши робитаҳои фарогири соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн мусоидати назаррас менамояд.

Аз ҷониби кувайтӣ ҳамчун меҳмони фахрӣ муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба умури Осиё Самиҳ Исо Ҷавҳар Ҳаёт иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ин ҳамоиши тантанавӣ роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва масъулини доираҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, тоҷикони бурунмарзӣ, донишҷӯён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма низ иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин маросими муаррифии китоби «Тоҷикистон ва Кувайт дар тӯли 30 сол» бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар, ки бо ташаббуси Сафорат ба забони арабӣ дар нашриёти ал-Қабаси Давлати Кувайт ба чоп расонида шуд, баргузор гардид. Китоби мазкур муҳимтарин рӯйдодҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайтро дар бар гирифта, хонандаро бо таърихи ташаккул ва рушду таҳкими муносибатҳо давоми се даҳаи гузашта ба таври васеъ шинос месозад.

Ҳамзамон барои ҳозирин оид ба таърихи ташаккул ва дастовардҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт филми кӯтоҳ манзур гардид.

Дар фарҷоми таҷлили 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ дар назди доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои телевизионӣ муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт  Ҷавҳар Ҳаёт ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бахшида ба ин санаи муҳимми таърихӣ мусоҳиба намуданд.

Инчунин сафирони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин, Италия, Эрон ва чеҳраҳои барҷастаи кишвари иқомат роҷеъ ба таассуроташон доир ба муносибатҳои наздику бародаронаи Тоҷикистону Кувайт дар назди воситаҳои ахбори омма ибрози андеша намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати  Кувайт

 

 

Апрель 17, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд
Дар Теҳрон масъалаҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд