35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ҷамоатҳо ва шаҳраки ноҳияи Мурғоб иншооти ҷашнӣ бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 03.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ намудани тарҳи «Электрофикатсияи деҳот дар Тоҷикистон» дар ноҳияи дурдасти Мурғоб сохтмони хати барқи 10-04 Кв, насбкунии ҳисобкунакҳо ва насби ноқилҳои барқӣ дар дохили хонаҳо дар деҳаҳои Аличур, Чечекти, Башгумбез, Булункул ва Харгушӣ ба охир расид. Дар деҳаҳои Тохтамиш, Шаймоқ, Рангкул ва Қаракул сохтмони хати барқи 10-04 кв идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб иттилоъ медиҳад.
Ҳамзамон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Тохтамиши ҷамоати Қизилработ майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки ин иншооти ҷашнӣ дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор дода шавад. Инчунин дар маркази ноҳия сохтмони пули пиёдагард дар мавзеи Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» ба нақша гирифта шудааст, ки то ҷашни Ваҳдати миллӣ он ҳам ба истифода дода хоҳад шуд.
Ҳамзамон бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар 1 гектар майдони назди бинои Мактаб-интернати деҳаи Шаймоқ сабзу хуррам гардонида мешавад ва бо ин мақсад 400 метр симтӯр бо пояҳояш дастрас гардид.
Бояд гуфт, ки роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Мурғоб сафар намуда, дар ҷамоатҳои деҳоти Бердибаев, Қизилработ, Рангкул, Аличур ва шаҳраки Мурғоби ноҳияи Мурғоб бо раванди корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд. Инчунин бо масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот суҳбат намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






