Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон ба 2,7 миллиард сомонӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти омории вилояти Хатлон, дар семоҳаи якуми соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,7 миллиард сомонӣ расонида шуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 104,2 фоиз, яъне 205,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус 14 апрел зимни баргузории ҷаласаи Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд.
Дар ин давра маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи 1,7 миллиард сомонӣ, иҷрои корҳои сохтмонӣ 479,8 миллион сомонӣ, гардиши савдои чакана 4,9 миллиард сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ 704,0 миллион сомонӣ таъмин гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 555,9 милллион сомонӣ зиёд мебошад.
Сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аъзамҷон Чиллазода иброз намуд, ки мувофиқи маълумот бо назардошти рушди воқеии иқтисодиёти вилоят иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 101,5 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 101 фоиз таъмин гардид. Аз ин ҳисоб ба буҷет ба ҷои 643,1 миллион сомонӣ нақшаи пешбинишуда 648,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 5,1 миллион сомонӣ ва назар ба ҳамин давраи соли 2024 100,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳои дигаре, ки таҳти назорати доимии роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ин пардохти саривақтии маблағҳои пешбинишудаи коммуналӣ ва роҳ надодан ба пайдоиши қарз дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ мебошад.
АКС: Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон










Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид
Масоили соҳаи роҳсозӣ ва роҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Конфронси панҷуми байналмилалии CARS-2026 дар Душанбе баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
«Shohin Airlines» як ҳавопаймои навъи L-410-ро вориди парки ҳавопаймоҳояш намуд
Дар Брест ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ баргузор гардид
Форуми «CAPIF-5» дар Душанбе ба таҳкими пайвастагии рақамӣ ва рушди ҳамкории интернетии Осиёи Марказӣ бахшида шуд
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Лорд Ҷон Алдердайс самтҳои афзалиятноки соҳаҳои идоракунии молияи давлатӣ ва рақамикунониро баррасӣ намуданд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид






