Ҳайати «Амонатбонк»» дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ иштирок намуд

Апрель 7, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кории «Амонатбонк» таҳти роҳбарии муовини раиси Раёсати Корхонаи  воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Фирдавс  Ризвонзода дар кори ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), ки дар шаҳри Хайкоуи Чин баргузор гардид, иштирок ва маъруза намуд. Дра ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк»  иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҳияи матни лоиҳаи «Баёнияи муштараки бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай  ба муносибати 20-солагии СҲШ», васеъ намудани шумораи бонкҳои аъзо, афзоиши чорабиниҳо дар самти табодули таҷриба байни бонкҳо ва мувофиқа кардани санаи баргузории ҷаласаи Шурои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай бо иштироки роҳбарони бонкҳои аъзо баррасӣ гардиданд.

Дар интиҳои ҷаласаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби ҳамоҳангсозон лоиҳаи «Баёнияи муштарак» протокол бобати ба аъзогӣ пазируфтани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Беларусбанк» тарафдорӣ гардида, протоколи ҷаласа ба имзо расонида шуд.

Инчунин дар доираи ҷаласа мулоқоти дуҷонибаи муовини раиси  «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода бо муовини раиси Бонки давлатии рушди Чин Вэн Вэйдун, муовини раиси Элдик Бонки Ҷумҳурии Қирғизистон Айчурек  Жакипова  ва муовини раиси Бонки миллӣ ва фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Мирдовидов баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи «Амонатбонк» ва ин бонкҳо дар самтҳои табодули таҷриба ва маблағгузории савдо барои рушд додани гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо  баррасӣ шуд.

  АКС: «Амонатбонк»

Апрель 7, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Форуми байналмилалии бонкӣ-2026 масоили бахши молиявӣ дар шароити табдили рақамӣ баррасӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар доираи Sibos 2026 ҳамкории Тоҷикистон бо SWIFT баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1093 сомонӣ муқаррар шудааст
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2404 сомонӣ муқаррар шудааст
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1097 сомонӣ муқаррар шудааст
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд