Ҳайати Тоҷикистон бо имконоти соҳаҳои гуногуни Узбекистон шинос гардид

Апрель 10, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 10.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорон, кишоварзон ва саноатчиёни шаҳри Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ноҳияҳои Тайлоқ, Ургут ва Ҷонбойи вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон рафта, бо таҷрибаи онҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла кишоварзӣ ва саноат шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд.

Ҳайати шаҳри Панҷакент  бо таҷрибаи  парвариши тамашк, истифодаи замин, бунёди гармхонаҳо, коргоҳҳои  истеҳсоли шароб, маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ,  боғҳои интенсивии себ, гелос ва шафтолу шинос гардид. Инчунин бо боғҳое, ки ба онҳо ба тариқи қатрагӣ обу ғизо дода мешавад, шинос шуданд.

Дар ин сафар аъзои ҳайат ба минтақаи озоди иқтисодии Ургут, ки  соли 2017 дар 1842 гектар таъсис ёфтааст,  рафт. Ҳоло дар даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолии он беш аз 5000 нафар ба  шуғл фаро гирифта шудаанд.

Дар ҷараёни сафар имконоти таҳкими ҳамкорӣ бо соҳибкорону кишоварзони шаҳри Панҷакент, омӯхтани таҷрибаи пешқадами тарафайн, ташкили корхонаҳои муштарак  ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои иқтисодӣ баррасӣ шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Апрель 10, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад