Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Iran Expo 2025» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар Намоишгоҳи ҳафтуми зарфияти содиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон – «Iran Expo 2025» иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни ифтитоҳи Намоишгоҳи ҳафтуми зарфияти содиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон – «Iran Expo 2025» Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён сухан намуда, Эронро пойгоҳи муносиб барои сармоягузорӣ ва тиҷорат арзёбӣ намуд. Масъуди Пизишкиён гуфт, ки «мо аз ҳузури сармоягузорони хориҷӣ ва тоҷирони байналмилалӣ барои фаъолияти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар кишвари худ истиқбол менамоем».
Намоишгоҳи ҳафтуми зарфияти содиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон – «Iran Expo 2025» ба унвони бузургтарин ва муҳимтарин рӯйдоди содиротӣ барои иртибот бо бозорҳои байналмилалӣ бо иштироки намояндагони ширкатҳои беш аз сад давлати ҷаҳон то 2 май меёбад.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






