Ҳайати Тотористон бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии вилояти Суғд шинос гардид

Апрель 5, 2025 10:31

ДУШАНБЕ, 05.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайтаи Тотористон таҳти роҳбарии Раиси Ҷумҳурии Тотористони Рустам Минниханов бо фаъолияти Комбинати қолинбофии «Қайроққум», корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Титан 8888» ва корхонаи истеҳсоли қубуру профилҳои металлии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдметалл»-и Суғди Тоҷикистон шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки Комбинати қолинбофии «Қайроққум» дар шаҳри Гулистон ҷойгир буда, бузургтарин корхонаи истеҳсоли қолинбофӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ин ҷо зиёда аз 100 намуд қолинҳои ҳаҷму тарҳи гуногун истеҳсол карда мешаванд. Комбинат дорои имконияти истеҳсоли 3 миллион метри мураббаъ қолин мебошад.


Корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Титан 8888» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2024 ба истифода дода шудааст. Корхонаи бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд гардидааст.

Дар корхона бо истифода аз хатҳои муосири технологӣ, ки аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Туркия ва Русия харидорӣ шудааст, дар як моҳ 500 тонна ва дар як сол 6 ҳазор тонна партови алюминий коркард ва аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад.


Корхонаи «Суғдметалл» бо саҳми соҳибкорони тоҷику узбек бунёд карда шудааст. Таъсиси корхонаи металлургии «Суғдметалл» самараи таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон мебошад.

Корхонаи мазкур дорои 2 хатти таҷҳизоти технологӣ буда, иқтидори солонааш 100 ҳазор тонна маҳсулоти металлии сохтмонӣ мебошад. Дар истеҳсолот ҷараёни кафшергарӣ, бурриш бо санги алмосӣ, арракунӣ ва банду басти маҳсулот амалӣ мегардад.

Имрӯз дар корхона 50 намуди қубур ва профилҳои металлии мутобиқ ба сифату стандарт истеҳсол карда мешавад.


Ёдовар мешавем, ки 3 апрели соли равон дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Миннихановро, ки бо ҳайати кории ин кишвар ба ҷумҳурии мо ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Тотористон баррасӣ гардид. Аз ҷумла, имконияти ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди ашёи хом то ба маҳсулоти тайёр, аз қабили ришта аз абрешим ва пашм, навъҳои гуногуни матоъ, либоси махсуси корӣ ва мебел муҳокима шуд. Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб ба таҳкими ҳамкорӣ барои таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ манфиатдоранд.

Ба таъкиди Рустам Минниханов, дар чаҳорчӯби ин сафар чорабиниҳои муаррифии Ҷумҳурии Тотористон дар Тоҷикистон доир карда мешавад. Шиносоӣ бо якчанд корхона низ дар назар дошта шудааст, ки барои тавсеаи робитаҳои дуҷониба имконияти хуб мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси Тотористон/Корхонаи «Суғдметалл»

Апрель 5, 2025 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид