Ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором баррасӣ гардид

Апрель 26, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP)  Ардашер Қодирӣ бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Котиби иҷроияи ниҳоди мазкур (UNESCAP) Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP), бахусус дар бахши обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти ҳамкории ниҳоди мазкур бо вазорату идораҳои мамлакат дар самтҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки мулоқот дар  ҳошияи иҷлосияи 81-уми Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) доир шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

Апрель 26, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд