Ҳамкории Тоҷикистон ва IRENA дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергияро баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, бахусус рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва иқдоми муштарак барои тақвияти иқтидори энергетикӣ байни Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) дар меҳвари мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Директор оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳо ва шарикии IRENA Гурбуз Гонул қарор гирифт.
Ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот намояндагони Агентии байналмилалии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳадафҳои стратегии Агентиро барои гузариш ба энергетикаи «сабз» муаррифӣ намуда, афзуданд, ки то соли 2030 ҳадафи афзоиши иқтидори ҷаҳонии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба 11,2 тераватт (ТВт) дар назар аст.
Иброз гардид, ки моҳи июни соли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст. Ин иқдом заминаи мусоид барои тақвияти савдои минтақавии неруи барқ, баланд бардоштани самаранокии шабакаҳо ва таъмини устувории энергетикиро фароҳам овард. Чунин ҳамгироӣ ба манфиати ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ арзёбӣ мегардад.
Дар анҷом ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






