«Амонатбонк» дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» дар Ашт ҳамоиш доир намуд

Апрель 10, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар филиали №26-и ноҳияи Ашт бо иштироки 800 хонандаи мактабҳои миёна, ҷавонон ва муштариёни «Амонатбонк» ҳамоиш доир шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи ҳамоиш аз баланд бардоштани  маърифати молиявии ҷавонону муштариёни «Амонатбонк» ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ иборат буд.

Дар  ҳамоиш кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии «Амонатбонк» дар мавзуъҳои  гуногуни соҳаи бонкдорӣ, алалхусус «Хизматрасониҳо тавассути замимабарномаи «Амонат — мобайл», «Хизматрасониҳо тавассути кортҳои пардохтӣ», нақши пул ва қоидаҳои идоракунии он, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила ва нақши бонкҳо дар рушди иқтисодиёт ба иштирокдорони ҳамоиш  маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Баргузор намудани чунин ҳамоишҳо барои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, азхуд кардани маълумоти зарурӣ оид ба хизматрасонии бонкӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳаи бонкдорӣ заминаи мусоид фароҳам менамояд.

АКС: «Амонатбонк»

Апрель 10, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд