Қатар аз имзои Шартномаи таърихии сеҷониба ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ истиқбол намуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Давлати Қатар аз санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон доир ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се мамлакат ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ истиқбол намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар доданд.
Дар изҳороти расмии Вазорати корҳои хориҷии ин давлат ҳамчунин иброз шудааст, ки Давлати Қатар изҳори умедворӣ менамояд, ки созиш ба таҳкими ҳамкорӣ ва дастёбӣ ба ҳамгироӣ байни се мамлакат ва таҳкими амнияту субот миёни давлатҳои минтақа мусоидат хоҳад намуд.
Вазорати корҳои хориҷии Қатар бори дигар ҷонибдории комили ин кишварро аз ҳамаи талошҳое, ки ба ҳалли баҳсҳо ва низоъҳо бо роҳи осоишта ва бо мақсади таҳкими сулҳу амният дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ нигаронида шудаанд, таъкид намуд.
Бояд гуфт, ки изҳороти мазкур ба таври васеъ дар воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат, аз ҷумла Телевизиони давлатии Қатар инъикос гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






