Аз Тоҷикистон дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2025» 36 варзишгар иштирок менамояд

Апрель 23, 2025 11:03

ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2-4 майи соли 2025  дар  Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо   баргузор мегардад. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»    хабар дод.

Барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии  «Dushanbe Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо  то  ҳоло 239 варзишгар (131 мард ва 108 зан) аз 27   давлати  чаҳор қораи олам номнавис шудаанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо  дар мусобиқаи байналмилалии  «Dushanbe Grand Slam 2025» 36 варзишгар (28 мард ва 8 зан) дохил мебошанд.

Инҳо байни мардон дар вазни то 60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Лоиқ Қутбиддинов, Меҳрзод Суфиев ва Ҳақдод Гулов, дар вазни то 66 кг Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Ёсин Бобокалонов ва Шаҳбоз Саидаброров, дар вазни то 73 кг Абубакр Шеров, Муҳиддин Асадуллоев, Беҳрӯзи Хоҷазода, Маҳмадшариф Наҷмиддинов, дар вазни то 81 кг Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммад Юсуфзода, Ғанӣ Ғанизода, Сайфиддин Сайфиддинзода, дар вазни то 90 кг Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Шодмон Ризоев, Музаммир Каримзода, дар вазни то 100 кг: Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Маллаев ва дар  вазни +100 кг Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода ва Раҳматулло Мирзоев мебошанд.

Ҳамчунин байни занон Аҳлия Муъминова, Райҳонаи Розиқзода дар   вазни то 48 кг, Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумъаева ва Насиба Карликова дар вазни то  52 кг, Александра Кан, Раҳмия Ҳанҷарбекова дар вазни то 57 кг  ва дар вазни  +78 кг  Виктория Киселёва ҳунарнамоӣ  мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқаи байналмилалии  «Dushanbe Grand Slam 2025» 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн  байни  мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардонида мешаванд.

Варзишгарон дар Мусобиқаи байналмилалии  «Dushanbe Grand Slam 2025»  оид ба гӯштини ҷудо ба ғайр аз медалу ҷоизаҳои молӣ инчунин дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо соҳиби имтиёзҳо мешаванд: ҷойи якум – 1000 имтиёз, ҷойи дуюм – 700, ҷойи сеюм – 500, ҷойи панҷум – 360, ҷойи ҳафтум – 260 имтиёз.

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 23, 2025 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад