Аз Тоҷикистон дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2025» 36 варзишгар иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2-4 майи соли 2025 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо то ҳоло 239 варзишгар (131 мард ва 108 зан) аз 27 давлати чаҳор қораи олам номнавис шудаанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2025» 36 варзишгар (28 мард ва 8 зан) дохил мебошанд.
Инҳо байни мардон дар вазни то 60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Лоиқ Қутбиддинов, Меҳрзод Суфиев ва Ҳақдод Гулов, дар вазни то 66 кг Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Ёсин Бобокалонов ва Шаҳбоз Саидаброров, дар вазни то 73 кг Абубакр Шеров, Муҳиддин Асадуллоев, Беҳрӯзи Хоҷазода, Маҳмадшариф Наҷмиддинов, дар вазни то 81 кг Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммад Юсуфзода, Ғанӣ Ғанизода, Сайфиддин Сайфиддинзода, дар вазни то 90 кг Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Шодмон Ризоев, Музаммир Каримзода, дар вазни то 100 кг: Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Маллаев ва дар вазни +100 кг Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода ва Раҳматулло Мирзоев мебошанд.
Ҳамчунин байни занон Аҳлия Муъминова, Райҳонаи Розиқзода дар вазни то 48 кг, Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумъаева ва Насиба Карликова дар вазни то 52 кг, Александра Кан, Раҳмия Ҳанҷарбекова дар вазни то 57 кг ва дар вазни +78 кг Виктория Киселёва ҳунарнамоӣ мекунанд.
Хотиррасон мешавем, ки маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2025» 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардонида мешаванд.
Варзишгарон дар Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо ба ғайр аз медалу ҷоизаҳои молӣ инчунин дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо соҳиби имтиёзҳо мешаванд: ҷойи якум – 1000 имтиёз, ҷойи дуюм – 700, ҷойи сеюм – 500, ҷойи панҷум – 360, ҷойи ҳафтум – 260 имтиёз.
АКС: АМИТ «Ховар»








Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид






