Ба боғдорону соҳибкорон равандҳои ҳамлу нақл ва логистикаи содироти хушкмева аз Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳон омӯзонида шуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 50 нафар боғдорону намояндагони корхонаҳои коркарди хушкмева аз вилоятҳои Хатлон ва Суғд дар давраи омӯзишӣ доир ба равандҳои ҳамлу нақл ва логистикаи содироти хушкмева аз Тоҷикистон иштирок карданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тиҷорати байналмилалӣ.
Ба иштирокдорони даври омӯзишӣ барои баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва роҳ ёфтан ба бозорҳои байналмилалӣ донишҳои нав пешниҳод гардиданд.
Даври омӯзишӣ бо ибтикори Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуда, самти он ба баланд бардоштани донишҳои боғдорону намояндагони корхонаҳои коркарди хушкмева нисбат ба нозукиҳои содирот нигаронида шуд.
Таъкид карда шуд, ки барои соҳибкороне, ки мехоҳанд маҳсулоти худро ба бозорҳои хориҷа бароранд, донистани равандҳои гумрукӣ, логистика, тамғагузорӣ ва бастабандии хушкмеваҳо ҳангоми содирот бисёр муҳим аст.
Даври омӯзишӣ ба соҳибкорони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон имкон дод, ки донишашонро мукаммал намуда, мавқеи худро дар бозорҳои берунӣ тақвият диҳанд.
Иштирокдорони даври омӯзишӣ бо қонунгузории гумрукии Тоҷикистон ва кор бо санадҳою раванадҳои муҳимми содиротӣ шинос шуданд. Онҳо ҳамчунин бо роҳҳои гуногуни ҳамлу нақли маҳсулот ва мувофиқат ба талаботи бастабандӣ ва тамғагузорӣ дар бозорҳои гуногун низ шинос гардиданд. Дуруст омода намудан ва бастани шартномаҳои тиҷоратӣ ва нақши калидии логистика дар содироти муваффақ низ ҷузъи барномаи даври омӯзишӣ буд.
Қисмати амалии даври омӯзишӣ истифода аз низоми сертификатсионии REX- роҳи содашудаи вуруд ба бозори Иттиҳоди Аврупоро фаро гирифт. Ин низом ба ширкатҳои содиротӣ имкон медиҳад, то ба осонӣ мувофиқат намудани маҳсулоташонро ба талаботи байналмилалӣ исбот карда, вақт ва маблағҳои худро сарфа намоянд.
Ин даври омӯзишӣ танҳо як мисоли фаъолияти Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар самти ёрӣ ба соҳибкорони тоҷик барои роҳ ёфтанашон ба бозорҳои берунӣ мебошад. Донишҳои мувофиқ ва замонавӣ ба соҳибкорони тоҷик барои рушду такомули онҳо ва бештар рақобатпазир гардиданашон дар бозорҳои ҷаҳонӣ кумак мерасонанд.
АКС: Маркази тиҷорати байналмилалӣ








Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






