Ба кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муқаррароти Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» тавзеҳ дода шуд

Апрель 23, 2025 14:27

ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки «коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гардидааст.

Дар қатори афзоиши дигар ҷиноятҳои дорои хатари вазнин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ коррупсия низ ба пешрафти иқтисодиёти ҷаҳонӣ таъсири манфӣ гузоштааст. Моро зарур аст, ки барои паст кардани шиддати коррупсия дар ҷумҳурӣ ва аз байн бурдани он дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муборизаи беамон бурда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун яке аз давлатҳои пешрафта ва озод аз коррупсия муаррифӣ намоем».

Намояндаи раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», аз ҷумла талабот нисбат ба довталабони мансабҳои давлатӣ, интихоб ва таъйин ба мақоми хизмати давлатӣ, роҳ надодан ба суиистифода аз мақоми хизматии худ ва ғайраро ба кормандон тавзеҳ дод.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 23, 2025 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд