Ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфаҳои нодир тақдим карда шуданд

Апрель 15, 2025 14:16

ДУШАНБЕ, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои нодир-  як адад кандакории рӯйи нуқра бо тасвири Девори Бузурги Чин ва як  гулдони нуқрагӣ бо нақшу нигори тоҷикӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Ин туҳфаҳои нодир чанде пеш зимни ифтитоҳи Корхонаи заргарии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин  аз ҷониби роҳбарияти ин корхона ба Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тақдим карда шуданд.

Ҳоло ин туҳфаҳои нодир дар толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ва толори Истиқлолият дар гӯшаҳои алоҳида тибқи муқаррароти осорхонавӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

Апрель 15, 2025 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид