Ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфаҳои нодир тақдим карда шуданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои нодир- як адад кандакории рӯйи нуқра бо тасвири Девори Бузурги Чин ва як гулдони нуқрагӣ бо нақшу нигори тоҷикӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Ин туҳфаҳои нодир чанде пеш зимни ифтитоҳи Корхонаи заргарии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин аз ҷониби роҳбарияти ин корхона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тақдим карда шуданд.
Ҳоло ин туҳфаҳои нодир дар толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ва толори Истиқлолият дар гӯшаҳои алоҳида тибқи муқаррароти осорхонавӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон









Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
Дар Душанбе паҳлуҳои гуногуни Устувонаи Куруши Кабир чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар баррасӣ гардид
Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» ташкил карда шуд
Дар Душанбе намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон доир гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 800 бозёфти нодири таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали 48-уми байналмилалии Москва намоиш дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад






