Байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика Протоколи муҳим ба имзо расид

Апрель 26, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва          Протокол дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома аз 30 июли соли 2009 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати  Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ  оид ба истифодаи Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1»  ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Протоколро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири энергетикаи Федератсияи Русия  Сергей Сивилёв ба имзо расониданд.

Дар доираи ин санад якчанд  масъалаҳои  муҳими фаъолияи Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» танзим мегарданд. Зимни маросими баимзорасонии Протокол таъкид гардид, ки санади мазкур дар самти таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русия дар соҳаи энергетика заминаи боз ҳам мусоид фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» бо иқтидори лоиҳавии 670 МВт дорои 4 гидроагрегат (ҳар кадоме бо иқтидори 167,5 МВт)- яке аз  неругоҳҳои барқи обии бузурги амалкунанда буда, тақрибан 12 фоизи  ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқро дар Тоҷикистон таъмин менамояд.

           АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Апрель 26, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд