Байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика Протоколи муҳим ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва Протокол дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома аз 30 июли соли 2009 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ оид ба истифодаи Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Протоколро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири энергетикаи Федератсияи Русия Сергей Сивилёв ба имзо расониданд.
Дар доираи ин санад якчанд масъалаҳои муҳими фаъолияи Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» танзим мегарданд. Зимни маросими баимзорасонии Протокол таъкид гардид, ки санади мазкур дар самти таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русия дар соҳаи энергетика заминаи боз ҳам мусоид фароҳам меорад.
Бояд гуфт, ки Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» бо иқтидори лоиҳавии 670 МВт дорои 4 гидроагрегат (ҳар кадоме бо иқтидори 167,5 МВт)- яке аз неругоҳҳои барқи обии бузурги амалкунанда буда, тақрибан 12 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқро дар Тоҷикистон таъмин менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд






