Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 04.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 4 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи нахустин саммити «Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо» миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба маблағгузорӣ барои мусоидат ба рушди соҳаи нақлиёт дар доираи рушди робитаҳои устувори нақлиётӣ миёни Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин санадро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва аз ҷониби Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ ноиби Президенти бонк Кириякос Какурис имзо намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






