Барои баланд бардоштани дараҷаи тахассусии омӯзгорон машварати озмоишӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО оид ба модулҳои технологияи иттилоотию коммуникатсисонӣ дар асоси равиши салоҳиятнокӣ барои омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ машварати озмоишӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, дар машварати озмоишӣ намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Машварат бахше аз лоиҳаи ЮНЕСКО таҳти унвони «Такмили таълими илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика дар мактабҳои миёна» (STEM) барои солҳои 2023-2028 мебошад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Мақсади он дастгирии татбиқи машғулияти технологияи иттилоотию коммуникатсисонӣ барои омодасозии омӯзгорони оянда мебошад.
Зимни машварат иштирокдорон бо истифода аз модулҳои машғулияти технологияи иттилоотию коммуникатсисонӣ ва зеҳни сунъӣ дарсҳои намунавии омоданамудаашонро ба коршиносони байналмилалӣ пешниҳод намуда, аз онҳо тавсияҳои муфид гирифтанд.
Машварат ба иштирокчиён имконият медиҳад, ки роҷеъ ба татбиқи амалии модулҳо дар раванди таълим ва омӯзиш таҷриба гиранд. Ин ташаббус қадами муҳим дар самти омодасозии омӯзгорон ба татбиқи умумимиллии модулҳои технологияи иттилоотию коммуникатсисонӣ дар доираи равиши салоҳиятдор аст, ки омодагии омӯзгоронро барои ҳамгироии самараноки технологияи иттилоотию коммуникатсисонӣ бо фаъолияти таълимияшон таъмин менамояд.
Машварат то 12 апрел идома меёбад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






