Барои дарёфти Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ озмун баргузор мегардад

Апрель 23, 2025 10:41

ДУШАНБЕ, 23.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасманд намудани шаҳрвандон барои дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ барои дарёфти «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» озмун эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бо ин Ҷоиза дастоварди беҳтарин дар рушди сайёҳии дохилӣ; дастоварди беҳтарин дар рушди сайёҳии байналмилалӣ; сармоягузори беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ; навовари беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ; кори илмӣ (таҳқиқотии) беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ ва дастоварди беҳтарин дар таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Инчунин барои дарёфти ҷоиза аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳуҷҷатҳои зерин: дастовардҳо дар рушди сайёҳии дохилӣ; дастовардҳо дар рушди сайёҳии байналмилалӣ; ҳуҷҷатҳои дахлдор вобаста ба сармоягузориҳо дар соҳаи сайёҳӣ; санади тасдиқкунандаи дар амал татбиқ намудани навоварӣ, ки самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоиро нишон медиҳад;  ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати амалигардонӣ ва татбиқ гаштани корҳои илмӣ (таҳқиқотӣ) дар соҳаи сайёҳӣ; дастовардҳо дар таблиғи маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пешниҳод карда шаванд.

Ба маълумоти иштирокчиёни озмун расонида мешавад, ки як муаллиф (гурӯҳи муаллифон) метавонад дар як вақт ду ва ё зиёда дастовардро барои дарёфти ҷоиза пешниҳод намояд.

Инчунин  дар озмун барои дарёфти ҷоиза дастовардҳое, ки муаллифи онҳо қаблан вобаста ба ҳамин дастовардҳо ба ҷоизаҳои дигари сатҳи давлатӣ пешниҳод ё сарфароз гардидааст, қабул карда намешаванд.

Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун метавонанд ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Академик Раҷабовҳо муроҷиат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоиза ҳамасола барои дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои муассиртарин, навоварӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таблиғи маҳсулоти сайёҳӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба арзишҳои моддию маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 23, 2025 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд